ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи Хатлон кумакпулии президенти кишвар дар ҳаҷми 18 ҳазор сомонӣ ва аз раиси вилоятро дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ ба собиқадорони ҶБВ расондаанд.
Дар ин бора нашрияи расмии вилоятӣ - "Хатлон" иттилоъ дода, афзуд, ки ба истиқболи 78-умин солгарди Ғалаба раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои 14 нафар иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, ки алҳол дар қайди ҳаётанд, ҷамъан 70 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъйин кард.
Мақомоти Хатлон мегӯянд, аз миёни 14 собиқадор дар вилоят ҷавонтаринашон 96 сол ва калонтаринашон 100 сол доранд.
Зикр гардидаст, ки аз ҷумла дар шаҳри Бохтар 3 собиқадори ҶБВ - Алиев Зайнулло (соли таваллудаш 1926), Файзалиев Сафаралӣ (1923), Откин Дмитрий (1927) иқомат доранд.
Дар ноҳияи Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Фархор дунафарӣ - Раҷабов Рашид (1924), Сафаров Ҳабиб (1926), Саидхоҷаев Давлатхуҷа (1926), Тағоев Гулмурод (1924), Бобоев Сафар (1925), Хидиров Хумбахмад (1924) давлати пирӣ меронанд.
Дар навоҳии Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ховалинг якнафарӣ - Шарипов Гул (1923), Қосимов Розиқ (1926), Ғафуров Мирзо (1926), Давлатов Машраб (1926), Мирзоев Аҳё (1925) умр ба сар мебаранд.
Зикр гардидаст, ки дар солҳои ҶБВ Тоҷикистони шӯравӣ ҳудуди 300 ҳазор фарзандашро ба ҷабҳа фиристод, ки наздики 100 ҳазор нафарашон барнагаштанд.