"Ҳоҷӣ Шариф" аз Тоҷикистон ба финали Лигаи минтақавии ҷудо роҳ ёфт

Сабқат барои гирифтани роҳхат ба финали Лигаи минтақавии ҷудо миёни 16 даста аз кишварҳои мухталиф дар шаҳри Маскав бошиддат суръат гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Клуби ҷудои "Ҳоҷӣ Шариф" тавонист ба финали Лигаи минтақавии ҷудо роҳ ёбад, иттилоъ дод Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар Маскав марҳилаи дуюми мусобиқаи байналмилалӣ - "Лигаи минтақавии ҷудо" доир шуд, ки дар он 16 даста дар чор гуруҳ барои ҳашт роҳхат ба финал рақобат карданд.
Клуби ҷудои “Ҳоҷӣ Шариф” дар як гурӯҳ бо клубҳои “Урал-Сибири Ғарбӣ” (Екатеринбург), “Турбостроител” (Санкт Петербург) ва “Jenys” (Қазоқистон) сабқат карда, ҷои дуюмро ишғол намуд ва ба финали Лигаи минтақавии ҷудо роҳ ёфт.
Рақибони ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон муайян шуданд
Дар марҳилаи дуюм ба сабқатҳо, тимҳои маъруфи ҷудои ҷаҳонӣ, аз ҷумла "Ахмат" (Грозний), "Явара-Нева" (Санкт-Петербург), "Локомотив Грин Хилл" (Налчик) ва "Урал - Сибири шарқӣ" пайвастанд.
Марҳилаи ниҳоӣ 8-уми июл дар назар аст, ки дар он 8 дастаи беҳтарин барои 6 млн рубл мубориза мебаранд.
Рақибони тими "Ҳоҷӣ Шариф" дар финал аз ҷумла бошгоҳҳои "Ахмат" (Ҷумҳурии Чеченистон), "Родина", UWS (ҳарду - вилояти Свердловск)", "Локомотив Грин Хилл" (ҷумҳурии Кабардину Балкар), "Динамо" (Уфа), "Сорбис" (Маскав), "Явара-Нева" (Санкт-Петербург) мебошанд.