ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Мақсад аз он- татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва эҷодиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мебошад.
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил мегардад, иттилоъ додааст шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст ва дар асоси қарори мазкур дар пойтахт баргузории якчанд чорабинӣ дар назар дошта шудааст.
Тиб қарори мазкур аз ҷумла, дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт шиору овезаҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки ҷавонон ва афсарону сарбозон дар назар буда, ҳамоиши гирандагони стипендияи раисони ноҳияҳо, Раиси шаҳр ва Стипендияи президентӣ таҳти унвони "Пайравони Пешвои миллатем!" баргузор карда мешавад.
Инчунин дар асоси нақшаи чорабиниҳо баргузории Конференсияи шаҳрии олимону муҳаққиқони ҷавон, Форум дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аксияҳои умумишаҳрӣ дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, нақлиёт ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллию ахлоқӣ ва таҳкими онҳо байни ҷавонон дар назар аст.
Ҳамзамон бо мақсади таҷлили бошукуҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон давоми моҳ дар боғҳои пойтахт ва муссисаҳои фарҳангӣ шоу- барномаҳои консертӣ, аз қабили "Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон" бо иштироки беҳтарин сарояндагони мамлакат ва дигар бозиҳои гуногуни варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон 23 май ҳамчунин Рӯзи ҷавонон эълон шудааст.