Раҳмон дар Рӯзи ғалаба ба Маскав меравад? посухи мақомот

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки роҳбари давлат дар Боғи ғалабаи Душанбе хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Сафари Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон ба Русия ба хотири иштирок дар Иди бузурги ғалаба дақиқ нашудааст.
Дар ин бора котиботи президент ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Феълан сафари роҳбари давлат ба Федератсияи Русия номаълум аст", - изҳор доштанд дар хадамоти матбуоти президент.
Зимнан, манбаъ тасдиқ намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 май дар Боғи ғалабаи пойтахт дар маросими гулчанбаргузорӣ иштирок мекунад ва хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад.
Путин Раҳмонро барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав даъват кард
Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Русия дар суҳбати телефонии рӯзи 5 май бо кишвардори Тоҷикистон ӯро барои иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба ба шаҳри Маскав даъват кард.
Дар рафти гуфтугӯи телефонӣ сарони ду давлат ҳамдигарро ба муносибати 78-умин солгарди Ғалаба табрик гуфтанд.
Бояд гуфт, соли 2021 низ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меҳмони фахрӣ ҳамроҳ бо Владимир Путин дар Маскав 76- умин солгарди Рӯзи пирӯзиро таҷлил намуд.