ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Музокирот дар бораи тамдиди муҳлати тавофуқи ғаллаи баҳри Сиёҳ миёни Русия, Туркия, Украина ва СММ аз 5 май ба ҳафтаи оянда мавқуф гузошта шуд, вале ширкаткунандагон ҷанбаҳои фаннии нишаст ва рӯзномаи ҷаласаро баррасӣ карданд.
Дар ин бора дар изҳороти вазорати дифоъи Туркия гуфта мешавад.
"Дар ҷараёни мулоқот дар сатҳи фаннӣ намояндагони СММ, Туркия, Русия ва Украина рӯзномаи ҷаласаи муовинони вазирон ва ҷанбаҳои техникиро баррасӣ карданд", - омадааст дар хабари матбуотии вазорати дифои Туркия.
Ҳамчунин дар Маскав даври нави машваратҳои Русия ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба иҷрои тафоҳум дар бораи дастрасии маҳсулоти кишоварзӣ ва нуриҳои Русия ба бозори ҷаҳонӣ баргузор шуд.
Қаблан Мавлуд Чавушӯғлу, вазири умури хориҷаи Туркия гуфта буд, ки дар сурати тамдид нашудани тавофуқи ғалла қимати ғизо дар ҷаҳон афзоиш хоҳад ёфт.
Созишнома, ки 22 июли соли 2022 аз ҷониби намояндагони Русия, Туркия, Украина ва СММ ба имзо расида буд, содироти ғалла, ғизо ва нуриҳои Украинаро тавассути Баҳри Сиёҳ аз се бандар, аз ҷумла Одесса дар бар мегирад.
Маркази муштараки ҳамоҳангсозӣ (JCC) дар Истамбул барои ҳамоҳангсозии ҳаракати киштиҳо масъул аст.
Мӯҳлати ин қарордод 18 ноябри соли гузашта ба поён расид, аммо шартҳои он дар сурати набудани эътирози ҳеҷ як тараф ба таври худкор тамдиди 120 рӯзро дар назар доштанд.