Гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Малайзия афзуд

Дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд, ки дар он масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва саноатӣ баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Тоҷикистон қасд дорад ҳамкориҳоро дар заминаи соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя бо Малайзия таҳким диҳад.
Чунин изҳорот дар ҳамоиши тиҷоратии ду кишвар, ки дар он соҳибкорону сармоягузорон ширкат доштанд, садо дод, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Дар моҳҳои январ-марти соли 2023 гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Малайзия ба 1,5 млн доллар расид", - изҳор дошт Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ.
Дар ҳамин ҳол, дар соли 2022 ҳаҷми муомилоти мутақобила 2,9 млн долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2021, 4 ҳазор доллар афзоиш ёфтааст.
Вай афзуд, ки ҳамасола ҳукумати Тоҷикистон тартиби сармоягузорӣ ва оғози тиҷорат дар кишварро соддатар мекунад. Яке аз ҳадафҳои аслии ин чорабинӣ бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва саноатӣ мебошад.
Доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Малайзия дар ин ҳамоиш самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ, гардишгарӣ, тиб ва хидматрасониро баррасӣ карданд.