ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Имсол ба муносибати 78 -умин солгарди Рӯзи пирӯзӣ дар шаҳри Душанбе гузашти низомӣ баргузор намешавад.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти президент ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Манбаъ афзуд, ки имсол дар Боғи ғалаба бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат маросими гулчанбаргузорӣ сурат мегирад.
Зикр гардид, ки пас аз маросими гузоштани гулчанбар аз ин макон танҳо як ротаи қаровули фахрии Вазорати дифоъ гузашт мекунаду халос.
Дар ҳамин ҳол, соли ҷорӣ дар Тоҷикистон Рӯзи пирӯзиро 37 сарбозе, ки дар набардҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ширкат кардаанд, таҷлил хоҳанд кард. Як сол пеш сафи онҳо ба 57 нафар баробар буд.
Раҳмат Қудратов раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ҷумҳурӣ, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки айни ҳол дар вилояти Хатлон - 14 куҳансарбоз, дар Суғд - 11, дар Душанбе - 6 дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ 6 куҳансарбоз иқомат доранд.
Дар Ҷанги бузурги ватанӣ аз Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор нафар сарбозу афсар ширкат карда, 45 ҳазор нафар дар ақибгоҳ хидмат кардаанд.
Аз ин шумор беш аз 100 ҳазор нафар ба Ватан барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар сокини кишвар бо медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд.
Дар баробари ин ба 55 нафари онҳо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шуд. Соли 2022 Тоҷикистон яке аз кишварҳои камшуморе ба ҳисоб меравад, ки дар он роҳпаймоии тантанавии сарбозон баргузор мешавад.