ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Аз замони сар задани пандемия дар соли 2020 аз COVID-19 наздик ба 20 миллион нафар ҷон дод.
Дар ин Сардори Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Адханом Гебрейесус эълон кард.
Вай қайд кард, ки тибқи маълумоти расмӣ, шумораи ҷонбохтагон ду маротиба камтар ба қайд гирифта шудааст.
"Аз соли 2020 инҷониб тақрибан 7 миллион нафар расман аз COVID-19 фавтиданд, аммо шумораҳои воқеӣ хеле зиёданд. Сухан дар бораи ҳадди аққал 20 миллион нафар меравад", - мегӯяд ӯ.
Ҳамин тавр, тибқи қарори СҶБ, вазъи фавқулодда барои коронавирус аз байн бурда мешавад.
"Кумитаи коршиносон аз ман хоҳиш карданд, ки ҳолати фавқулоддаи тандурустиро, ки номи байналмиллалии COVID-19 дорад, лағв кунам. Ман ба ин маслиҳат ҳамфикрам ва хотима ёфтани пандемияро расман эълон кардам”, - гуфт Тедрос Адханом Гебрейесус.
30 январи соли 2020 ин созмон хуруҷи коронавирусро вазъияти изтирории тандурустии, ки аҳамияти байналмилалӣ дорад эълон кард.
Пас аз ин, 11 март ба ин беморӣ мақоми пандемия дода шуд.