Раҳмон ва Мирзиёев масоили байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо президенти кишвари ҳамсоя Ӯзбекистон дар як суҳбати телефонӣ муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май – Sputnik. Суҳбати телефонии кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни суҳбат сарони ду давлат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматиро дар ояндаи наздик баррасӣ намуданд.
“Ҳамчунин оид ба масъалаҳои алоҳидаи дорои хусусияти байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом дода шуд”, - илова кардааст манбаъ.
Занги Мирзиёеву паёми Лукашенко ба Раҳмон дар робита ба тармафароиҳои маргбор
Ёдовар мешавем, ки қаблан раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва конфронси "Русия ва Осиёи Марказӣ" мулоқот карда буданд.
Зимни мулоқот сарони ду кишвари ҳамсоя доираи васеи масоили ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалиро баррасӣ карда буданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар он дидор аз натиҷаҳои мусбати рушди муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ карда буд.
Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки ҷонибҳо баррасӣ шуда, ҳамчунин доир ба татбиқи пурраи созишномаҳои қаблан қабулшуда ба мувофиқа расида буданд.