Президенти Тоҷикистон барои собиқадорони ҶБВ кумакпулӣ ҷудо кард

Масъулин аз Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон кумакпулиҳои ҷудошударо инфиродӣ ба ҳар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишвар хоҳанд расонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Барои ҳар 37 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон, ки феълан дар қайди ҳаётанд, аз хазинаи захиравии президенти кишвар 18 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ҷумҳурӣ, Элмурод Турсунов ба Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, ки аллакай дастури раисҷумҳур имзо гардида, масъулин то 9 май кумакпулиро ба ҳар собиқадори ҷанг хоҳанд расонд.
Ба иттилои Шӯро, ба ҳолати аввали моҳи май дар Тоҷикистон 37 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд.
"Айни ҳол дар вилояти Хатлон - 14 куҳансарбоз, дар Суғд - 11, дар Душанбе - 6 дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ 6 куҳансарбоз иқомат доранд", - иттилоъ доданд аз ин ниҳод.
Дар ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон 57 иштирокчии ҶБВ дар қайди ҳаёт буданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Ғалаба чорабиниҳои идона бо иштироки собиқадорон баргузор мешавад ва дар бархе ҳолатҳо намояндагони мақомоту ҷомеа ба аёдати онҳо мераванд.
Тасвирбаёни ёдгориҳои ҶБВ дар Душанбе
Ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони президенти Тоҷикистон ва роҳбарони шаҳру вилоятҳо, куҳансарбозон бо мукофотпулиҳо ва дигар кумакҳо қадрдонӣ мешаванд.
Аз ҷумла дар соли равон ҳукумати вилояти Суғд ба 11 нафар собиқадорон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7 ҳазор сомонигӣ, 92 нафаре, ки дар ақибгоҳ кор мекарданд ва медал доранд, 4 ҳазор сомонигӣ мукофотпулӣ ҷудо кардааст.
Дар мавриди кумакпулиҳои шаҳру навоҳии дигар ҳанӯз расман иттилоъ расонаӣ нашудааст.