ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Дар мусоҳибаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини директори ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистон Ли Ян амали намудани лоиҳаи "Шаҳри бехатар" дар маркази вилояти Суғдро баррасӣ карданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ин лоиҳа ба маблағи 25 миллион доллар амалӣ карда мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳадаф аз татбиқи лоиҳа назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш арзёбӣ мешавад.
Ҳамзамон дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба амалисозии лоиҳа мубодилаи афкор намуда, дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд.
Мақомоти Суғд хабар додааст, ки ширкати технологии “Хуавей” дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба "Шаҳри бехатар" дорои таҷрибаи калон буда, яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи “Шаҳри бехатар”, яъне насби камераҳои назоратӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад.
Ҳамзамон тарафҳо масъалаи воридот ва насби технологияи муосир дар бахшҳои гуногунро баррасӣ карданд.