Чин аз кишварҳои узви СҲШ даъват кард, барои мубориза бо инқилобҳои ранга муттаҳид шаванд

Вазири хориҷаи Чин дар ҷаласаи ахири СҲШ дар Ҳиндустон бар зарурати амиқтар шудани ҳамкориҳо дар заминаи амният ва сулҳ дар минтақа ёдовар шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай бояд ба ташкили инқилобҳои ранга аз ҷониби нерӯҳои беруна муқовимат кунанд.
Дар ин бора вазири хориҷаи Чин Тсин Ган изҳори назар кард.
"Худмухтории стратегӣ дастгирӣ шавад ва эътимоди мутақобилро бояд таҳким дод", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, Осиёи Марказӣ зери таъсири хатарноки Ғарб қарор дорад.
"Бояд ба мудохилаи нерӯҳои хориҷӣ ба умури минтақа, барангехтани инқилобҳои ранга муқовимат кард", - даъват кард Тсин Ган.
Вазири хориҷаи Чин ҳамчунин бар зарурати амиқтар шудани ҳамкориҳо дар заминаи амният ва сулҳ дар минтақа ёдовар шуд.
Илова бар ин, Тсин Ган даъват кард, ки мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро идома дода шавад.
Сипоси Дабири куллии СҲШ аз Тоҷикистон
"Афғонистонро барои бунёди як сохтори густурдаи сиёсӣ ва муборизаи қотеъона алайҳи ҳама гуна шаклҳои терроризм бояд пуштибонӣ кард”, - афзуд Вазири хориҷаи Чин.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар Гоаи Ҳинд нишасти дурӯзаи вазирони умури хориҷаи СҲШ ифтитоҳ ёфт.
Ҷаласаи вазирон марҳилаи ниҳоии омодагиҳоро ба нишасти сарони СҲШ таҳти раёсати Ҳиндустон, ки қарор аст рӯзҳои 3-4 июл дар Деҳлии Нав баргузор шавад, боз мекунад.
Ҳинд моҳи сентябри соли гузашта раёсати гурӯҳи СҲШ-ро бар ӯҳда гирифт ва имсол мизбони он аст.
Дар чаҳорчӯби раёсати худ дар ин созмон, Ҳиндустон тақрибан 100 чорабинӣ баргузор кардааст: вохӯриҳои вазирон ва мулоқотҳои коршиносон, форумҳо, семинарҳо ва фестивалҳо, ки ба пешбурди ҳамкориҳои гуногун дар доираи СҲШ нигаронида шудаанд.