Тоқаев ба Раҳмон ордени "Уқоби тилоӣ" дод

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои саҳми хосааш дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон сарфароз шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи фахрӣ супурд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари Қазоқистон хабар додааст.
Ҳамин тариқ, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ордени "Алтин қирон" ("Уқоби тиллоӣ") мукофотонида шуд.
Ин мукофоти олии давлатии Қазоқистон аст.
Тоқаев онро ба Раҳмон барои саҳми хосаш дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар тақдим кард, хабар медиҳад хадамоти матбуот.
Раҳмон ва Тоқаев эъломияи ҳамкории ҳампаймониро имзо карданд
Дар мулоқот, ки дар қароргоҳи раисиҷумҳури Қазоқистон дар Остона баргузор шуд, Раҳмон ва Тоқаев эъломияи ҳампаймониро имзо карданд.
Раҳбари Қазоқистон Тоҷикистонро шарики боэътимоди стратегӣ ва ҳам давлати бародару наздик хонд ва сафари Раҳмон таърихӣ буд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати ҳамтоаш бо як сафари дурӯзаи давлатӣ дар Остона қарор дорад.
Дар айни замон форуми тиҷорӣ низ баргузор мешавад. Дар доираи он аллакай беш аз 40 шартнома ба маблағи 2,6 миллиард доллар ба имзо расидааст.