Раҳмон хостори бештари воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон шуд

Қазоқистон дуввумин кишвари содиркунандаи нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон буда, Душанбе мехоҳад ҳаҷми онро бештар гардонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Тоҷикистон алоқамандӣ зиёд кардани ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон аст.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, зимни мулоқот бо ҳамтои қазоқаш Қосимҷомарт Тоқаев дар Остона изҳор доштааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Дар бадали ин Тоҷикистон метавонад содироти меваю сабзавот ва дигар маснуоти маҳаллиро ба Қазоқистон афзоиш диҳад, гуфтааст ӯ.
Ҳамчунин дар ин дидор, густариши ҳамкории сармоягузорӣ бо истифодаи имкониятҳо дар соҳаи истеҳсолоти саноатӣ ва кооператсия, махсусан дар бахши саноати нафту газ, маъдан ва металлургия ба манфиати ду ҷониб арзёбӣ гардид.
“Ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ ва электроника, саноати сабук ва хурокворӣ, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ аз самтҳои дигари судовар дар муносибатҳои ду кишвар номида шуд”,- афзудааст манбаъ.
Дар доираи ҳамкории фарҳангӣ тайи моҳҳои наздик баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон бо ташкили ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Остона пешниҳод дар назар аст.
Тоҷикистон ширкатҳои Қазоқистонро барои ширкат дар истихроҷи ангишт даъват кард
Дар бахши маориф ба сад адад расондани бурсияҳо дар донишгоҳҳои ду кишвар иқдоми муассир арзёбӣ гардид.
Дар рафти музокирот таъкид шуд, ки ҳамкорӣ дар самти рушди рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ, бозорҳои бонкӣ ва молиявӣ метавонад ба афзоиши ҷолибияти сармоягузории иқтисодиёти ҷонибҳо мусоидат кунад.
Ҷонибҳо ҳамоҳангии зич ва ҳамкории самарабахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва дигар сохторҳои дахлдори кишварҳоро дар масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таъкид намуданд.