ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти президенти кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла заминаи ҳуқуқии байни давлатҳо ва робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардид.
Президенти кишвар дар ин мулоқот иброз доштааст, ки Қазоқистон шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон аст ва дар сиёсати хориҷии давлати мо мақоми хосса дорад.
Ҳамзамон зимни вохӯрӣ аз сатҳи баланди муносибатҳои гуногунҷанба, ки аз анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
“Робитаҳои байнипарлумонӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои мост, зеро онҳо дар пешбурди афзояндаи тамоми масъалаҳои рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва дар таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкории ду давлат нақши муҳим доранд”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи ҳамкории зичи кишварҳо тавассути парлумони ду давлат дар сатҳҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла ассамблеяҳои парлумонии ИДМ, СААД, САҲА, сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои парлумонӣ ва таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумони табодули андеша карданд.