ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар қароргоҳи кишвардори Қазоқистон мулоқоти рӯзи дуввуми Эмомалӣ Раҳмон ва Қосимҷомарт Тоқаев оғоз ёфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари Қазоқистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, пас аз анҷоми дидору гуфтугӯ ба имзо расидани як зумра аснод дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари дурӯзаи давлатӣ дар Қазоқистон қарор дорад. Он бо даъвати ҳамтои қазоқаш баргузор шуда, то 4 май идома хоҳад кард.
Интизор меравад, ки президентҳо дурнамои нави ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталифро баррасӣ кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар пешорӯи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон дар он кишвар форуми тиҷоратии ду давлат баргузор гардид.
Дар доираи форуми мазкур аллакай беш аз 30 шартнома ба маблағи 1,8 млрд доллар ба имзо расидааст. Ҳуҷҷатҳои кооператсия таъсиси корхонаҳои муштарак, кооператсияи саноатӣ ва шарикӣ дар соҳаи хизматрасониро дар назар доранд.