ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти дурӯзаи сиёсии шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат мекунад.
Вазорати корҳои хориҷӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки ҳайати Тоҷикистон аз 4 то 5 май дар ин нишаст дар Гоа ширкат мекунад.
Ба иттилои манбаъ, дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун: тиҷорат, иқтисод ва мубориза бо терроризм баррасӣ мешаванд.
Илова бар ин, вазирон масъалаи омодагӣ ба мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви СҲШ-ро баррасӣ хоҳанд кард.
Ин нишаст дар авоили моҳи июл дар Деҳлии Нав баргузор мешавад.
Маълум аст, ки дар ин нишаст вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров низ ширкат дорад. Вазирон як қатор гуфтушунидҳои дуҷонибаро дар назар доранд.
Киҳо узви СҲШ ҳастанд?
Дар ҳоли ҳозир 9 кишвар узви СҲШ мебошанд: Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон. Се кишвари дигар дар мақоми нозир: Афғонистон, Беларус, Муғулистон.
Илова бар ин, 6 кишвар шарикони муколама мебошанд: Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка.