ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Ба низомиёни Русия муяссар шуд, ки аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ба маҳаллаҳои аҳолинишини вилояти Херсон пешгирӣ кунанд.
Дар ин бора ба РИА "Новости" раҳбари маркази матбуотии гурӯҳи "Днепр" Алексей Рулев хабар дод.
"Воҳиди дифои зиддиҳавоии гурӯҳи "Днепр" ҳамлаи навбатии UAV-и миллатгароёни украиниро ба маҳаллаҳои аҳолинишини вилояти Херсон мунҳал кард. Дар натиҷаи мавқеъи тирандозӣ ҳавопаймоҳои бесарнишини ҳамлакунанда дар маҳалҳои аҳолинишини Обривка, Новая Маячка, Подстепне ва Саги нобуд карда шуданд", — гуфт ӯ
Ба гуфтаи ӯ, тупхонаҳо нерӯи инсонии артиши Украина дар минтақаи тамаркузи захираҳои низомии он дар дар самти Херсонро нобуд ва бо зарбаи дақииқ миномётӣ, як радари зидди батареяи сохти Амрико аз кор бароварда шуд.
Масалан, худравҳои зиреҳии миллатгароён аз кор монда, гардиши қувваҳои душман дар хатти муҳориба вайрон карда шуданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки урдуҳои ҳамлагари Русия дар давоми 24 соат чоряки шаҳри Артемовскро озод карданд.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд..