Толибҳо: Дар ояндаи наздик кишти маводи мухаддир ба сифр хоҳад расид

Сухангӯи ҳукумати толибҳо дар суханоне муддаи шуд, ки муборизаи ҷидди бо кишт ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Талошҳо барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон низ ба шиддат ҷараён дорад ва аз оғоз рӯйи кор омадан ҳукумати толибҳо, токунун шумори зиёде аз қочоқчиёни боздошт ва зиндонӣ шудаанд, иттилоъ додааст "Радиои дарӣ" дар истинод ба сухангӯи ҳукумат толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.
“Мушкили маводи мухаддир дар Афғонистон дар ҳоли рафъ шудан аст”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, кишти хашхош имсол дар тамоми кишвар наздик ба сифр буд ва дар бахше ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ҳам ҷиддият аст ва ҳар рӯз шоҳиди гирифториҳо ҳастем.
Сухангӯи ҳукумати толибҳо дар идома ба ҳамаи кишварҳо итминон дод, ки нигарони қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон набошанд ва дар ростои мубориза бо он бо ҳукумат ва мардуми Афғонистони ҳамкории намоянд.
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар нишасти Доҳа дар масоили Афғонистон
Пештар Мулло Ҳибатуллоҳ, раҳбари гурӯҳи толибҳо бо судури як фармони кишт, тавлид, қочоқ ва истифода аз маводи мухаддирро дар кишвар мамнӯъ кард ва низ ҳушдор дод, ки бо мутахаллифин ин фармон мутобиқ ба "шариъати исломӣ" бархурд хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои эътилофи ғарбӣ аз Афғонистон, нерӯҳои толибҳо дар аввал минтақаҳо ва нимаи моҳи августи соли 2021 Кобулро ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ дар кишвар ва хатми ҷанг хабар доданд.
7 сентябри ҳамон сол толибҳо кобинаи муваққатиеро таҳти сарварии Муҳаммад Ҳасани Охунд эълон карданд аммо то ҳол ҳеҷ кишвар ҳукумати толибҳоро эътироф накардааст.