ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Дар Душанбе таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд байни Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон (КВД БССТ) "Саноатсодиротбонк" бо ҶС ШСС "KazakhExport" баррасӣ гардид.
Ин масъала зимни мулоқоти муовини раиси Раёсати "Саноатсодиротбонк" Шуҳрат Муҳиддинзода ва ҳайати ҶС "ШСС "KazakhExport" таҳти роҳбарии Директори иҷроия оқои Абилкаиров матраҳ гарид.
Ба иттилои "Саноатсодиротбонк", дар мулоқот мусоҳибон масъалаи ба имзо расонидани Эътиборнома барои сабукии кор ҷиҳати воридот ва содироти молу маҳсулот аз ҷониби соҳибкорони ду давлатро баррасӣ намуданд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки санади мазкур бояд дар кӯтоҳтарин муддат ба имзо расонида шавад.
Ҳамзамон зимни мулоқот дурнамои ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид.
“Зимни мулоқот таъкид шуд, ки ҷонибҳо ба амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар самти маблағгузории савдо омода мебошанд”, - илова кардааст манбаъ.
Инчунин гуфта шуд, ки воситаҳои суғуртакунонии содирот, ки аз ҷониби ҶС "ШСС "KazakhExport" пешниҳод мешаванд, яке аз воситаҳои мувофиқ ва самаранок барои гузаронидани амалиёт байни субъектҳои дорои фаъолияти хориҷӣ мебошанд.