Роҳбари ФИФА аз маҷмааи "Кохи Наврӯз" дидан кард

Президентҳои ФИФА ва КФО пас аз боздид аз маҷмааи “Кохи Наврӯз” ба санъату ҳунари ҳунармандони тоҷик баҳои баланд доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё - Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, аз маҷмааи "Кохи Наврӯз" дидан намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо гузоштани чанд акс аз рафти боздиди президентҳо хабар дод.
Бар хабари манбаъ, Ҷанни Инфантино ва Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа толорҳои бо услуби меъмории миллӣ сохташуда дар маҷмааи "Кохи Наврӯз"-ро тамошо карданд.
"Меҳмонон аз шукуҳу кандакориҳо ва зебоии толорҳо дар ҳайрат монда, ба истеъдоди ҳунармандони тоҷик баҳоӣ баланд доданд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки маҷмааи "Кохи Наврӯз" ҳоло макони баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.
Қаблан раҳбарони FIFA ва AFC-ро раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт.
Президенти ФИФА роҳи пешрафти футбол дар Тоҷикистонро гуфт
Ҷонибҳо вазъият ва дурнамои ҳамкориҳои ҷумҳуриро бо ин сохторҳои бонуфузи футболи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ баррасӣ карданд.