Қазоқистону Тоҷикистон дар бораи бунёди Марказҳои тақсими яклухт ба мувофиқа расиданд

Тоҷикистон ният дорад содироти меваю сабзавотро ба Қазоқистон афзоиш диҳад ва табодули колоро миёни ду кишвар ба 2 миллиард доллар расонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Дар бораи тавофуқи Тоҷикистону Қазоқитон дар бораи бунёди Марказҳои тақсими яклухт муовини нахуствазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар доираи форуми соҳибкорон дар Остона хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “Казинформ”.
Ба гуфтаи вай, миёни кишварҳо дар бораи бунёди марказҳои тақсими яклухти маҳсулот созишнома ба имзо расид. Ин имкон медиҳад, ки содироти меваю сабзавот ба Казокистон афзоиш ёбад.
Сулаймон Зиёзода гуфт, дар соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиону 700 ҳазор тонна меваю сабзавот ва як миллион тонна меваю ангур тавлид шудааст.
Машваратҳои сиёсии Душанбею Остона ва баррасии сафари давлатии Раҳмон ба Қазоқистон
Ба гуфтаи вай, ба Казокистон 26 ҳазор тонна ангур фиристода шуд. Навъи содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон сол аз сол афзоиш меёбад.
“Имрӯз дар форуми соҳибкорӣ дар комиссияи байниҳукуматӣ дар бораи азсаргирии ҳаракати ҳавоӣ миёни Душанбе ва Остона хабар дода шуд. Фикр мекунам, ки ин масъала ҳал мешавад”, - гуфт ӯ дар ҳошияи форуми соҳибкорӣ миёни Қазоқистону Тоҷикистон.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки тоҷирони Қазоқистон ва Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиарду 300 миллион доллар қарордод имзо кардаанд. Дар натиҷаи мулоқот, қарор аст, ин рақам ба 2 миллиард доллар бирасад.