Рустами Эмомалӣ президенти ФИФА -ро ба Варзоб бурд

Президенти ФИФА дар маркази техникии ФФТ, ки сохтмони он ҳанӯз идома дорад, бо бозигарону мурпаббиёни дастаи милли Тоҷикистон мулоқот кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Рустами Эмомалӣ, президенти ФФТ ва Ҷанни Инфантино президенти ФИФА барои боздид намудан аз Маркази техникии бунёдшавандаи ФФТ ба Варзоб рафтанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, дар километри 40-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бунёд шуда, ҳамчун макони тамринии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Роҳбари ФИФА аз маҷмааи "Кохи Наврӯз" дидан кард
Манбаъ афзуд, ки дар маркази мазкур президенти ФИФА бо бозигарон ва мураббиёни дастаи милли Тоҷикистон ва кормандони Федератсияи футболи кишвар вохӯрӣ ва мулоқот намуд.
Зикр гардид, ки футболбози тоҷик, Манучеҳр Ҷалилов ба Ҷанни Инфантино пироҳани тими миллии Тоҷикистонро таҳти рақами 9 ҳадя кард.
Аз ин пеш, президенти ФИФА ҳамроҳ бо президенти Конфедератсияи футболи Осиё - Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа аз маҷмааи "Кохи Наврӯз" дидан намуданд.
ФФТ хабар дод, ки пас аз тамошои маҷмааи мазкур, меҳмонон ба истеъдоди ҳунурмандони тоҷик баҳои баланд доданд.