ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Генерали амрикоӣ Каволи изҳор дошт, ки Киев 98%-и машинаҳои зиреҳпӯш – танкҳо, БМП, дигар намудҳои техника, азҷумла - маҷмааҳои зенитиву мушакии Patriot гирифтааст.
Система падофанди ҳавоии Patriot дар Украина ба амнияти давлатии ИМА хатар эҷод мекунад, зеро барои мубориза бо яроқҳои мушакӣ ва авиатсияи душман бесамаранд.
Дар тӯли 40 соли истифодабарӣ “Патриот”-ҳо ягон тайёраи душманро назадааст.
Муҳориба бо бесарнишинҳо ва мушакҳои шӯришгарони яманӣ низ бохта шуд – маҷмааҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ дар асоси ЗРК Patriot иншоотҳои Арабистони Саудиро аз зарбаҳои ҳавоии омехта ҳифз карда натавонист.
Минтақаи амалиёти вижаи низомии русиягӣ сифати яроқи ғарбиро санҷиши сахт дорад ва, бешубҳа, аз ҷиҳати технологӣ ақиб мондани ИМА-ро дар ҷодаи мудофиаи задди ҳавоӣ ва мудофиаи зидди мушакӣ тасдиқ менамояд.
Роҳбари фармондеҳии Аврупоии қувваҳои мусаллаҳи ИМА ва қувваҳои яроқнокшудаи муттаҳидаи НАТО ҳини баромад дар Конгрес 26 апрел изҳор дошт, ки Киев 98%-и машинаҳои зиреҳпӯш – танкҳо, БМП, дигар намудҳои техника, азҷумла - маҷмааҳои зенитиву мушакии Patriot гирифтааст.
“Мо аллакай ба Киев яроқу аслиҳаи барои задани зарбаи ҷавобӣ зарур бударо расонидем ва интиқоли ин ҳамаро идома медиҳем, то амалиёти ҷараёндоштаро дастгирӣ намоем”.
Намояндагони Пентагон дар Одесса мунтазам яроқҳои ба украина воридшударо месанҷанд (зери милаи “Калибр” -ҳои русиягӣ ин кор сосон нест). “Амалиётҳои ҳалкунанда” ҳоло ба мушоҳида намерасанд – қувваҳои мусаллаҳи Украина сирф бо мудофиа машғуланд.
Вашингтон ва Берлин ваъда доданд, ки ба Киев ду маҷмааи мушакиву зенитӣ (ЗРК) Patriot медиҳад, ки 1 млрд доллар арзиш дораду, бо худ 4-8 ададӣ таҷҳизот барои кашонидану ратофтани мушак ва 4 ададӣ мушакҳои зенитӣ дорад.
Ҳар як батарея аз 16 то 32 мушак дорад. Пештар нашрияи Politico хабар дод, ки артиши Украина намуди дигаргуншудаи Patriot MIM-104-ро, ки барои боздошти мушакҳои баллистикӣ пешбиниӣ шудааст, мегирад.
Моҳи апрел дар Украина як чунин маҷмааи ҷангии ваъдагӣ мавриди истифодаи низомиён қарор гирифт. Табиист, ки ҳарими ҳавоии болои шаҳри Киевро на ду, ва ҳатто се адад чунин маҷмааҳо “пӯшонида” наметавонанд.
Низомиёни Русия дар қаламрави амалиёти вижаи низомӣ мушакҳои баллистикиро истифода намебаранд – "Искандар"-ҳои фаровозии дастгирнашаванда аз рӯи хати квазибаллистикӣ парвоз менамоянд.
Ошкору муайян намудани тайёраҳо, бесарнишинҳо ва мушакҳои болдор барои маҷмааи амрикоӣ – вазифаи амалан иҷроношуданист.
Маҷмааи зенитиву мушакии “Patriot” тӯли 40 соли дар давлатҳои гунногун дар истифода буданаш ягон тайёраи душманро назадааст. Ошӯбгарони яманӣ зимистон6и соли 2021 бо зарбаҳои силсилаоташи мушакҳои баллистикии миёнапарвоз ба иншоотҳои Арабистони Саудӣ маҷмааҳои мудофиаи заддиҳавоии амрикоиро шармандаи тамоми ҷаҳон намуданд.
Мушакҳои миёнапарвози истеҳсолашон, тахминан, иронӣ ва ё яманӣ, 1000 км парвоз намудаву ва шаш минтақаҳои “зич”-и мушакҳои зенитиву ракетии Patriot-ро гузашта, фақат дар ҳарими ҳавоии Риёз аз ҷониби маҷмааи THAAD ошкор ва боздошт карда шуданд.
Маҷмааи ихтисосаш маҳдуди зиддимушкакии Terminal High Altitude Area Defense (THAAD) бо дурии зарбазаниаш то 20 км ҳамтои амрикоии маҷмааи зенитиву мушакии С-500 ҳисобида мешавад, лекин бо имкониятҳои маҳдудтар. Пештар, аниқтараш - тирамоҳи соли 2019 қувваҳои саудии мудофиаи зидди ҳавоӣ зарбаи мушакии ҳусиҳо тавассути “Патриот” ба иншоотҳои нафтӣ задаро натавонистанд инъикос намоянд. Дар моҳи декарбри соли 2017 аз панҷ мушаки MIM-104C – и аз маҷмааи Patriot PAC-2 сардодашуда ягонтояш ба нишон нарасид.
Patriot – “ватандӯст нест”, хуб намебинаду бад мекӯбад
Маҷмааи зенитиву мушакии амрикоии Patriot соли 1983 барои ҳимояи пойгоҳҳои азими низомӣ - баҳрӣ ва ҳам низомӣ-ҳавоӣ, марказҳо маъмуриву саноатӣ аз ҳама намуд ҳуҷумҳои ҳавоӣ кор карда баромада шудааст.
Тавассути наворҳои кӯтоҳи тарғиботӣ нақл менамоянд, ки ЗРК Patriot қодир аст ба якборагӣ беш аз 100 нишонҳои ҳавоиро ҳам ошкор кунад ва ҳам “шиносад”, бетанаффус метавонад 8 нишонро ҳамроҳӣ намояд ва ба ҳар яки онҳо семушакӣ партояд – аз масофаи 100 км, дар баландии аз 60 метр то 24 км ва дар сектори 90 дараҷа.
Ба ҳар ҳол,ҳарими ҳавоии Вашингтонр“ғайриватандӯстона” ЗРК NASAMSс-ҳо бо “хислатҳои норвегӣ“ муҳофизат менамоянд.
Дар ҷангҳои муосир ЗРК Patriot бе ягон бурд якбора бохт доранд. Ва тасодуф нест, ки бо зарбаҳои мушакии Эрон моҳи январи соли 2020 наздик 100 аскарони амрикоӣ дар пойгоҳи азими ИМА дар Ироқ нобуд карда шуда буданд.
Patriot ҳадафро дар ҳудуди маҳдуд, фақат дар уфуқ муайян намуда метавонад, лекин – ракетаҳо ва бесарнишинҳои парвози паст доштаро дар баландии то 60 метр “намебинад”. Нишонҳои фаровозиро сур намекунад.
Эҳтимолияти ба нишон зарба задан дар шароити ҷангӣ
- 0,4, яъне ки аз се мушак як мушак ба нишон мерасад. Дар сарҳади мудофиа то 150 км ба маҷмааҳои амрикоӣ то самаранокии ЗРПК "Пантсир" хело дур аст - мо ҳоло дар бораи ЗРК С-350 "Витяз" сухан нагуфтаем.
Пентагон аз он дар ташвиш аст, ки воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоии Украина то охири моҳи апрел батамом завол меёбанд. Ва авиатсияи зарбазани русиягӣ дар қаламрави амалиёти вижаи низомӣ бартарияти бештар пайдо иенамояд.
Дар ин ҳолат Украина набояд бо имкониятҳои ду батареяи “афсонавӣ”-и амрикоии системаи зенитиву мушакии Patriot касеро ба раҳгумӣ барад. Маҷмаа кайҳо аз ҷиҳати технологӣ кӯҳна шудаасту захираҳои навъдигаркуниаш ба охир расидаанд.
Ва аслан ин “патриот”нест, балки шакли кутохкардашудаи аббревиатураи номи инглисизабони Phased Array Tracking Radar to Intercept On Target (маҷмааи таҳти роҳбаладии радар –мавҷгирак- бо мақсади боздошт дар хатти ташриф) мебошад.
Дар осмони Украина пайдошавии қиркунандаҳои “инҷиқ”-и F-16-и истеҳсоли амрикоӣ аз эҳтимол дуранд. Ва ин, ҳамчунин, метавонад зарбае ба соҳаи комплекси саноати ҳарбии ИМА шавад. Дар театри амалиёти низомии Украина бахусус ин тайёраҳо қобили ҷанг нестанд - ин тайёраҳо хизматрасонии махсус ва хатҳои парвози тозаро талаб мекунанд.
Маҷаллаи Business Insiderқайд менамояд, ки Русия дилхоҳ фурудгоҳҳои қувваҳои мусалллллаҳи Украинаро ҳанӯз то ба он ҷо расонидани қиркунандаҳо – дар ҷараёни омодагиҳо ба қабули F-16 - нобуд месозад. Дар Пентагон инро мефаҳманд, ва риёкориву дурӯягӣ тасдиқ менамоянд:” F-16 барои Украина афзалиятнок ҳисоб намешавад”, охир ҳарими ҳавоиро “бисёр босамар бо ёрии маҷмааҳои заминии мудофиаи зиддиҳавоӣ” назорат бурдан мумкин аст.
Технологияи амрикоии мудофиаи зиддиҳавоӣ ва мудофиаи зиддимушакиро мо пештар дида баромада будем. Воқеан, мувофиқи баҳои Пентагон, захираҳои ҷангии русиягӣ дар низои украинӣ кам осеб дидааст, ва қувваҳои низомӣ -кайҳонӣ дорои “1000 қиркунандаҳову бомбаандозҳоянд.”