Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар нишасти Доҳа дар масоили Афғонистон

Намояндагони Тоҷикистон дар нишасти Доҳа дар масоили Афғонистон дар ҳузури даҳҳо кишвари дигар дидгоҳашонро дар масъалаҳои мубрам баён мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси Доҳа оид ба Афғонистон ширкат доранд, иттилооъ доданд аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин нишаст, тайи ду рӯз аст, ки дар пойтахти Қатар бо раҳбарии дабири кулли СММ Антониу Гуттереш ва фиристодагони вижаи беш аз 20 кишвару созмонҳо дар умури Афғонистон идома дорад.
Худи толибҳо ба ин ҳамоиш даъват нашудаанд. Масъулини Вазорати умури хориҷии толибҳо эълон доштанд, ки ҳар гуна ҳамоиш дар масоили Афғонистон бидуни иштироки намояндагони ин гуруҳ бесамар мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан низ борҳо нишасти мақомдорони кишварҳои ҷаҳон барои баррасии вазъи Афғонистон баргузор шуда буд. Ҳадафи ҳамоишҳо ҳамоҳангии талошҳои минтақаӣ дар ҷиҳати мусоидат ба Афғонистон дар масоили гуманитарӣ ва иқтисодӣ - иҷтимоӣ арзёбӣ мешавад.
Ҳушдори толибҳо ба Шӯрои амнияти СММ
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин қаблан дар масоили Афғонистон изҳор дошта буд, ки Душанбе ҷонибдори сулҳу субот дар кишвари ҳамсоя мебошад.
Вай изҳори боварӣ карда буд, ки ба субот дар Афғонистон метавон танҳо аз роҳи ташкили давлати ҳамашумул бо иштироки намояндагони тамоми қавму миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ даст ёфт.
Толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон талаб дорад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон ба таҳсилу кор эҳтиром қоил шаванд.