ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Дар остонаи Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Бӯстон дар қабристон шанбегӣ – аксияи "Ситораи хотира" баргузор гардид.
Дар он консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Варламов дар қатори дигар кормандони Консулгарии генералии Русия, инчунин намояндагони Россотрудничество, Маркази фарҳангии Русия ва ҳукумати шаҳр иштирок доштанд.
Дар шанбегӣ қабрҳои куҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ тоза карда шуда, деворхо ва ситорахои ёдгориҳ ранг карда шуданд.
Акция "Звезда памяти" в Бустоне
© Фото : Пресс-служба Россотрудничества
Дар қабристонҳои шаҳри Бӯстон қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ Борис Шмелев ва Сейтнафе Сейтвелиев, иштирокчии ҶБВ ва ходими намоёни саноати атомии Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Опланчук, куҳансарбозони ҷанг ба хок супурда шудаанд.
Қаблан сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев аз қабристони русҳо дар Душанбе зиёрат карда буд.
Дипломат аз хиёбони шуҳрат, ки дар он ҷо сарбозон ва афсарни артиши Сурх, ки дар бемористонҳои Сталинобод аз захмҳо даргузаштанд ва дафн карда шудаанд, боздид кард.