Дар Ӯзбекистон аз тағйири Конститутсия 90%-и аҳолӣ ҷонибдорӣ кардаанд

Бар асоси тағйироти нав, ҳамакнун президенти феълии ин кишвар имкон дорад такронан на баро панҷ сол, балки ба муҳлати ҳафт сол интихоб шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Лоиҳаи қонун дар бораи Конститутсияи Ӯзбекистон дар таҳрири навро 90,21% интихобкунандагоне, ки дар овоздиҳӣ ширкат доштанд, ҷонибдорӣ карданд.
Дар ин бора мирӯз 1 май раҳбари Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ Зайниддин Низомхоҷаев хабар додааст.
Рӯзи 30 апрел дар Ӯзбекистонраъйпурсии қонуни асосӣ баргузор шуд. Комиссияи марказии интихобот қаблан хабар дода буд, ки иштироки ниҳоии раъйдиҳандагон дар дар он 84,54%-и рӯйхати умумии интихобкунандагонро ташкил додааст.
“15 миллиону 40 ҳазору 56 нафар ба ҷонибдорӣ аз ҳалли мусбати масъалаи ба раъйпурсӣ пешниҳодшуда овоз доданд, ки 90,21% иштирокдоронро ташкил дод”, - гуфт Низомхоҷаев дар брифинг.
Мутобиқи Қонуни Ӯзбекистон "Дар бораи раъйпурсӣ" агар ба тарафдории он зиёда аз нисфи шаҳрвандони дар овоздиҳи иштирокдошта овоз дода бошанд, он қабулшуда эътироф карда мешавад.
Ҳамин тариқ, тибқи тағйироти ҷадид, аз се ду ҳиссаи қонуни асосӣ дар ин кишвар тағйир меёбад.
Мирзиёев метавонад барои давраи сеюм президент интихоб шавад
Бар асоси тағйирот, президенти кишвар на ба 5, балки барои 7 сол интихоб гардида, аз салоҳиятҳои нав, аз ҷумла ҳаққи пешбарии номзадҳо ба мақоми нахуствазирро хоҳад дошт. Ҳоло ин корро ҳизби ҳоким дар кишвар анҷом медиҳад.
Сарвари давлат инчунин ҳақ пайдо хоҳад кард, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентро таъин кунад. Тарҳи нави Конститутсия инчунин васеъ намудани ваколатҳои парлумонро пешбинӣ кардааст.
Қонуни асосии Ӯзбекистон соли 1992 қабул шуда, тағйирот ба он дар солҳои 2009, 2016 ва 2017 ворид шуда буданд.