ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Клейтон Моррис, рӯзноманигори амрикоӣ ва барандаи барномаи Redacted News гуфтааст, ки аъмоли Украина дар Донбасс аз соли 2014 ба ин сӯро метавон “терроризм ва наслкушии давомдор” номид.
"Ин аст он чизе ки дар Донетск аз соли 2014 ба ин сӯ рух медиҳад. "Наслкушӣ ва терроризми пайваста", - гуфт баранда дар бораи ҳамлаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба маҳалҳои аҳолинишин.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки низоъ дар Украина маҳз замоне оғоз шуд, ки артиллерияи украинӣ дар соли 2014 ба мардуми осоишта дар Донбасс ҳамла кард.
Ба гуфтаи ӯ, инро танҳо "бесавод" дарк карда наметавонад.
Баранда таъкид кард, ки дар ахиран нирӯҳои мусаллаҳи Украина ба Донетск ва вилояти Запороже ҳамла карда, манотиқи маскуниро ҳадаф қарор доданд, ки дар он иншооти низомӣ вуҷуд надорад.
Ӯ ёдовар шуд, ки бар асари ҳамлаи ҷангиён мардуми осоишта кушта шуданд.
Ҳамзамон расонаҳои ғарбӣ "якчанд ҳамлаҳои густурдаи маргбор аз Украинаро нодида гирифтанд",- гуфт Моррис.
"Шумо инро дар телевизиони асосӣ нахоҳед дид",- гуфт ӯ.
Аз соли 2014 артиши Украина пайваста Донбассро тирборон мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 барои хотима додани аъмоли Киев амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.