ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский омодагии худро барои оғози амалиёти ҷавобӣ бидуни интиқоли ҷангандаҳои F-16 эълон кард.
Дар ин бора дафтари президенти Украина дар саҳифааш дар Telegram хабар додааст.
"Дигар вақти таъхир нест, бинобар ин мо пеш аз он ки ҳавопаймоҳои ҷангандаи ғарбӣ дошта бошем, оғоз хоҳем кард", - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, раҳбари Украина иқрор шуд, ки бидуни ҳавопаймоҳои ғарбӣ, барои нерӯҳои мусаллаҳи Украина душвор хоҳад буд. Киев сарбозони бештарро аз даст хоҳад дод.
Зеленский ахиран гуфт, Киев наметавонад Артёмовскро тарк кунад, зеро дар ин сурат нерӯҳои Русия имкони ишғол кардани қаламравҳои бештар хоҳанд дошт.
Вақтҳои охир дар бораи ҳамлаи ҷавобии Украина зиёд изҳорот дода мешавад. Намояндаи Кремл, Дмитрий Песков изҳор дошт, ки ҷониби Русия изҳороту ҳаракатҳои ҷониби Украинаро пайгирӣ мекунаду вобаста ба он амалиёти низомиро нақшабандӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина иборатанд.