Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Баррасии нуқтаи марзии пайвандгари Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон

Ҳайатҳои ҳукуматии ҷумҳуриҳоии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар гуфтушунидҳояшон сари нуқтаҳои марзие тамаркуз мекунанд, ки ин 3 кишварро мепайвандад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Қисмати марзии пайвандгари се кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон мавзӯи меҳварии мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии ин ҷумҳуриҳо мебошад.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, музокироти ахири сеҷониба рӯзҳои 25-29 апрели соли 2023 дар шаҳри Бодканд баргузор шуд. ВУХ афзуд, ки ин вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
"Зимни гуфтушунид ҷонибҳо оид ба масъалаи муайян кардани нуқтаи пайвастшавии хати сарҳади давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон табодули афкор намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки вохӯрии навбатӣ дар Тоҷикистон барпо мегардад.
Қаблан раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон, Ориф Хоҷазода изҳор дошта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.
Музокироти ҳафтаинаи марзии Тоҷикистону Ӯзбекистон: Натиҷа чӣ шуд?
Маврид ба зикр аст, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв дар Ӯзбекистон ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 равобит миёни ду кишвар беҳбуд ёфта, дар масъалаи аломатгузории марз низ пешрафтҳо ҳосил шудаанд.
Аз ҷумла бинобар созиши ду кишвари ҳамсоя, аз обанбори "Фарҳод" барои як муддати тӯлонӣ якҷоя истифода мекунанд. Хоҷазода дар мавриди обанбори "Фарҳод" изҳор дошта буд, ки байни ду давлат шартнома вуҷуд дорад ва ягон баҳс дар миён нест.