Ҳушдори обуҳавошиносон: Ҳавои пойтахт то 31 дараҷа гарм хоҳад шуд

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро ҳушдор додааст, ки дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ба иттилои ин Агенти дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона то 22 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона то 5 дараҷа хунук, рӯзона то 10 дараҷа гарм мешавад.
Инчунин дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши сусти борон ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 18 дараҷа гарм, рӯзона то 32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 6 ва рӯзона то 18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 18 дараҷа гарм, рӯзона то 34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона то 14 дараҷа гарм, рӯзона то 26 дараҷа гарм мешавад.
Дар Тоҷикистон ду шаҳраки нав бо номи Сарбанду Заҳматобод таъсис мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона то 32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 12 ва рӯзона то 25 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳимон ҳол дар пойтахти кишвар ҳавои камабру бебориш мешавад. Ҳаво шабона то 14 дараҷа ва рӯзона то 31 дараҷа гарм мешавад.