Wildberries мехоҳад ба бозори Тоҷикистон роҳ ёбад

Муассиси мағозаи интернетӣ ахиран дар як мусоҳибааш гуфтааст, ки тасмим дорад ба бозорҳои Тоҷикистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон роҳ ёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Мағозаи интернетии “Wildberries” талош дорад фаъолияташро васеъ намояд ва барои ин мехоҳад ба бозорҳои бархе аз кишварҳои ИДМ роҳ ёбад.
Дар ин бора муассиси ширкат Татьяна Бакалчук ​​хабар додааст.
"Дар ИДМ мо ҳоло дар фикри тавсеаи фаъолият ҳастем, зеро баъзе кишварҳо байни мо ва кишваре, ки мо дар он кор мекунем, қарор доранд", - гуфт ӯ.
Кишварҳое, ки ин ширкат мехоҳад дар он фаъолияташро тавсеаи диҳад Тоҷикистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон дохил шудаанд..
Ҳамчунин барои соли 2023 дар назар аст, ки гардиши мол ду баробар, тақрибан то 3 триллион рубл афзоиш ёбад.
Посухи раёсати Хадамоти алоқа дар парлумон: супориши президент дар бораи интернет чӣ шуд?
"Соли гузашта гардиши моли иш ширкат 1,5-1,6 триллион рублро ташкил дод, мо мехоҳем мутаносибан 3 - 3,1 расонида шавад", - шарҳ медиҳад вай.
Айни замон Wildberries дар кишварҳои зерин фаъолият дорад:
Русия;
Беларус;
Қазоқистон;
Ӯзбекистон;
Қирғизистон;
Исроил;
Арманистон.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки гардиши бозор дар охири соли 2022 1,7 триллион рублро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 98% афзоиш ёфтааст.
Дар маҷмӯъ, дар тӯли сол аз ин мағозаи интернетӣ 1,9 млрд мол харида шудааст, ки нисбат ба соли 2021 81% зиёд аст. Аз ин 96%-ро молҳои аз чихати иҷтимоӣ аҳамиятнок ва зарурӣ ташкил медиханд.