Дар ноҳияи Турсунзода як куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст

Дар оғози ҷанг қариб 20% тамоми сокинони ҷумхурӣ ба ҷабҳа рафтанд ва душвориҳои ақибгоҳ ба души кудакону занон ва пиронсолон афтида буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар охири моҳи апрели соли 2023 дар ноҳияи Турсунзода танҳо як куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст.
Сайдулло Ишмирзаев, раиси Шӯрои собиқадорони вилоят ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки номи ин куҳансарбоз Иброҳим Худойбердиев будааст ва синни ӯ ба 100 расидааст.
Худойбердиев яке аз 300 ҳазор нафар аҳолии якуним миллионнафараи ҷумҳурӣ буд, ки соли 1941 ба хати ҷабҳа рафта буд. Аз ин шумор беш аз 100 ҳазор нафар ба ватан барнагаштаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Турсунзода аксияи "Боғи хотира" баргузор шуда буд. Дар доираи он иштирокчиён ба хотири гиромидошти хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳудуди мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Менделеев 50 бех дарахт шинонданд.
Даргузашти Мирзо Бекматови 97-сола, ахирон куҳансарбоз аз Кӯлоб
Дар чорабинӣ кормандони “Хонаи Русия”, мактаббачагон, куҳансарбозони маҳаллӣ, хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуданд.