ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Вазъ дар Осиёи Марказӣ барои тезутундшавӣ заминаҳои зарурӣ дорад, изҳор дошт вазири дифои Русия, Сергей Шойгу дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви СҲШ дар Ҳинд.
Ба гуфтаи вазири дифои Русия, экстремистҳое, ки дар Афғонистон реша давондаанд, амалиёти худро дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя вусъат додаанд.
Дар ин пасманзар вай ҳамоҳангсозиро дар чаҳорчӯби СҲШ муҳим хонда, афзуд, ки онро бояд нигоҳ дошт. Кишварҳои СҲШ-ро зарур аст, оид ба амният мунтазам машваратҳо гузаронанд.
Ба гуфтаи Шойгу таваҷҷуҳи ИМА ва ҳампаймонҳояш ба он нигаронида шудааст, ки кишварҳоро ба зиддияти ҳарбӣ бо Русия ва Чин иғво диҳанд.
Ғарб бо мақсади нигоҳ доштани бартарияти ҷаҳонӣ сохтори амнияти ҷаҳониро ба таври ҷиддӣ хароб кардааст, таъкид намуд вазири мудофиаи Русия.
Амрико ба ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором фаъолона муқобилат мекунад ва дар он ҷо барои нигоҳ доштани Чин ҷабҳа таъсис медиҳад, ҳушдор дод Сергей Шойгу.
Вай ҳамчунин илова намуд, ки кӯшишҳои Ғарб барои таъсир расонидан ба шарикони Русия барои дар инзиво қарор додани Русия бебароранд.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.