ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар ҳеҷ як кишварӣ собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба мисли Тоҷикистон забони русиро намедонад.
Дар ин бора гуфт дар маросими дувумин солгарди ифтитоҳи маркази "Эҷод" дар шаҳри Турсунзода сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев.
"Он чи дар тӯли 30 сол таҳти роҳбарии Президенти Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шуда аст, на танҳо барои Тоҷикистон, балки Русия ва барои дӯстии мо дастоварди бузург аст", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи ин дипломат, беш аз 25 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия таҳсил мекунанд.
Григорев аз Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ) ва се филиали донишгоҳҳои бузург низ ёдовар шуд.
Сафир бар он аст, ки ҳамаи ин имкон медиҳад, ки ҷавонон имрӯз таҳсили хуб гиранд ва дар Тоҷикистон истеҳсолоти саноати муосиру хеле пешрафта бунёд кунанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо муовини раиси ҳукумат, вазири саноат ва тиҷорати Русия Денис Мантуров масоили мухталифи шарикии стратегии ду давлатро баррасӣ кард.
Қайд гардидааст, ки ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмуи васеи масоили муносибатҳои давлатҳоро дар самтҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус саноат ва татбиқи лоиҳаҳои калони сармоягузорӣ, ҳамкории фаъол тавассути таъсиси паркҳои саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳокима карданд.