ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Эрон ният дорад, ки бештар дар размоишҳо, махсусан тамринҳои баҳрӣ бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ширкат кунад.
Ба иттилои хабаргузории Tasnim, ин нуктаро вазири дифои Эрон, Муҳаммадризо Аштиёнӣ дар нишасти сарони вазоратҳои дифои кишварҳои узви ин созмон дар Деҳлии Нав изҳор дошт.
Вай табодули бештари иттилоотро дар соҳаи амният, аз ҷумла мубориза бо терроризм зарур арзёбӣ кард.
Вазири мудофиаи Эрон ҳамчунин аз талошҳои Ғарб барои эҳёи ҷаҳони якқутбӣ гуфт, ки ба ҳамин восита мехоҳад мавқеи ҳукмфармоиро ҳифз намояд
Қаблан раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ таъкид намуда буд, ки фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай барои бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ мусоидат мекунад.
"Танҳо кишварҳои ғарбӣ муқобили бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳастанд. Ҷаҳони чандқутбӣ, бахусус, бо кумаки созмонҳои минтақавӣ, ба мисли СҲШ сохта мешавад", - изҳор дошта буд Раисӣ.
Ба эътиқоди ӯ, нуфузи Эрон дар ҷаҳон ва минтақа дар ҳамкорӣ бо дӯстон афзоиш хоҳад ёфт. "Мо дар рушди равобит бо Русия ва дигар кишварҳо ҷиддӣ ҳастем", - афзуд ӯ.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.