"Чунин кишвар дигар вуҷуд надорад": Медведев дар бораи Молдова

Ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия ба манъи сафари мақомдорони ин кишвар ба қаламрави ҷумҳурии Молдова вокуниш нишон дода, онро танқид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар вокуниш ба манъи сафари намояндагони расмии давлати Русия ба Молдова, Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки ҳеҷ кас ба он ҷо рафтанӣ нест ва чунин кишвар дигар вуҷуд надорад.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия таъкид намуд, ки мақомдорони Молдова кишварро фурӯхтанд ва тақдири минбаъдаро худи мардуми он ҳал хоҳанд кард.
"Ҳоло касе ба онҷо рафтанӣ ҳам нест, шояд баъдтар. намеравад. Дуюм, дигар чунин кишвар вуҷуд надорад. Роҳбарони маҳаллӣ онро ба Руминия фурӯхта, хоинони ватани худ шуданд", - гуфт Медведев дар Telegram.
Ба гуфтаи ӯ, кор бо мақомдорони феълии Молдова феълан фоидае надорад, бигузор мардумашон бо онҳо сарукор гиранду муайян кунанд, ки онҳо молдовӣ астанд ё руминӣ.
Қаблан нахуствазири Молдова, Дорин Речеан гуфта буд, ки мақомот ба президенти Русия, Владимир Путин ва бархе мақомдорони дигар иҷозаи вуруд ба ин кишварро намедиҳанд. Ба гуфтаи Речан, ин феҳраст на танҳо сиёсатмадорон, балки шахсиятҳои фарҳангир низ шомил мебошад.
Додон гуфт, мақомоти Молдова кишварро бо роҳи нақшаи Украина мебарад
Ахиран раисҷумҳури пешини Молдова Игор Додон гуфт, мақомоти Молдова талош доранд бо роҳи Украина раванд.
"Он чизе ки мо дар кишвари ҳамсоя дидем - мубориза бо забони русӣ, баста шудани шабакаҳои телевизионии мухолиф, фишор болои мухолифин, изҳорот дар бораи зарурати пайвастан ба НАТО, фишор болои калисо, дар мо низ роҳандозӣ шудааст", - гуфт Додон.
Вай таъкид намуд, ки Ғарб Молдоваро чун пиёдае дар бозии геополитикӣ алайҳи Русия истифода менамояд.