Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Пушилин: Русия тамоми роҳҳои таъминоти артиши Украинаро дар Артемовск зери назорат гирифт

Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи раиси ҶМД, нерӯҳои украинӣ ба далели интиқоли мунтазами нерӯҳо тавонистаанд мавқеъҳои худро зери назорат бигиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Артиши Русия бахше аз масири Хромоворо, ки тавассути он нерӯҳои украинӣ вориди Артемовск мешуданд ва сарбозонро таъмин мекарданд, таҳти назорат гирифтанд.
Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи раиси ҶМД Денис Пушилин дар шабакаи телевизиони “Россия 24” хабар дод.
"Ин роҳи охирин буд. Аммо душман то ҳол имкон дорад, ки аз саҳроҳо ва ҳатто зери оташ ҳаракат кунад", - изҳор дошт ӯ.
Вай кайд кард, ки ҷанг дар ин ҷабҳа “дар шароити душвортарин” қарор дорад.
Ба гуфтаи Пушилин, нерӯҳои украинӣ аз ҳисоби интиқоли мунтазами нерӯҳо тавонистаанд мавқеъҳои худро нигоҳ доранд.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз онҳо, ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи раиси ҶМД, дар роҳ гум шудаанд - яке аз чунин талошҳо як рӯз пеш аз ҷониби низомиёни Русия боздошта шуданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Тактирандозӣ тӯп: Видеои кори тӯпи “Геатсинт” дар минтақаи амалиёти вижа
Артемовск дар шимоли шаҳри бузурги Горловка воқеъ аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гурӯҳи украинӣ дар Донбасс аст. Моҳҳои зиёд барои ин шаҳр ҷангҳои шадид давом доранд.
Пештар мушовири иҷрокунандаи вазифаи раиси ҶМД Ян Гагин гуфта буд, ки воҳидҳои Русия аллакай тақрибан 90 дарсади шаҳри Артемовскро таҳти назорат доранд. Масъалаи гирифтани шаҳр дар вақтҳои наздик ҳал мешавад.
Мувофиқи маълумоти вазорати дифоъ низомиён дар ин минтақа душманро фаъолона нобуд доранд.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.