ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Форуми байналмилалии иқтисодии “Русия –Ҷаҳони ислом: KazanForum” аз 18 май то 20 май дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон баргузор мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин форуми мазкур қарор аст дар форуми мазкур муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Зулфия Абдусамадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Ҷумахонзода Ҷамшед, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, намояндаи тиҷории Тоҷикистон дар Русия Муртазо Каримӣ иштирок хоҳанд кард.
Дар доираи Форуми мазкур як чорабинӣ бахшида ба рушди равобити Русия ва кишварҳои ҷаҳони ислом дар бахши омӯзишу парвариш доир шавад, ки дар он ҳайати Тоҷикистон фаъолона иштирок хоҳад кард.
Ҳамзамон дар ин форум ба иттилои ташкилкунандагон ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон низ баррасӣ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, Форуми "Русия - Ҷаҳони Ислом: KazanForum" платформаи асосии ҳамкориҳои тиҷории Русия ва кишварҳои ҷаҳони ислом мебошад. Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш таҳкими равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, таълимӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ миёни манотиқи Русия ва кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки 57 давлатро дар бар мегирад, мебошад.
Дар соли 2022 KazanForum зиёда аз 6000 намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои молиявӣ, вакилони парлумон, сармоягузорон ва тоҷирон, менеҷерҳои ширкатҳои русӣ ва хориҷӣ аз 64 кишвари ҷаҳон, инчунин 35 намояндагии дипломатии кишварҳои хориҷиро дар як майдон ҷамъ оварда буд.