Гилаи президент аз заминҳои обии бекорхобида дар Хатлон: гуноҳ дорад ва ҳатто ҷиноят аст

Дар вилояти Ҳатлон бештар аз 14 ҳазор гектар заминии обии бекорхобида будааст, ки кишт нашудани он норозигии раисҷумҳурро ба миён овард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар ҷаҳон эҳтимоли такрор шудани болоравии нархи молу маҳсулот дар бозорҳо имконпазир аст.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни суханронияш дар ҳузури фаъолони ивлояти Хатлон ҳушдор додааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Ба гуфти вай, ба ин буҳронҳои сиёсӣ дар миқёси сайёра, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, канда шудани занҷираҳои мавҷудаи интиқоли молҳо, тағйирёбии иқлим сабаб шудааст.
Президент дар такя ба маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ гуфт, ки соли 2023 нисбат ба солҳои пешин аз нигоҳи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ боз ҳам вазнинтар шуда, истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон нисбат ба солҳои қаблӣ кам мегардад ва шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар мерасад.
“Таъкид менамоям, ки тибқи таҳлилу хулосаи коршиносон ин давраи ҳассос дарозмуддат ва оқибатҳои он пешгӯинашаванда арзёбӣ мегарданд”, - гуфт раисҷумҳур.
Ба гуфтаи ӯ, дар чунин вазъ деҳқонони кишвар ҳарчӣ бештар бояд кор кунанд, аммо бо вуҷуди он ки дар семоҳаи аввали соли 2023 маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон 41% ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии кишварро ташкил додааст, вале тибқи таҳлилҳо имкониятҳои соҳа ҳоло ҳам пурра истифода нагардидаанд.
Пиёз гарон шуду пахта арзон: кишоварзони Суғд имсол чӣ бештар кишт мекунанд?
Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, дар вилоят имконияти зиёд намудани майдони кишт аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои партов, бахусус, заминҳои обии бекорхобида мавҷуд мебошад.
Дар вилоят қариб 16 ҳазор гектар заминҳои партов, аз ҷумла 14,4 ҳазор гектар заминҳои обӣ мавҷуданд, ки чунин вазъ хеле нигаронкунанда мебошад.
“Такроран таъкид менамоям, ки дар шароити бисёр вазнини имрӯза роҳ додан ба бекор мондани замин гуноҳ дорад ва ҳатто ҷиноят аст”,- гуфт президент.
Раисҷумҳур аз аҳолии кишвар хостааст, ки барои рӯёнидани се – чор ҳосил диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Махсусан, ба кишти картошка, лӯбиёгиҳо ва сабзавот, аз ҷумла пиёз, ки дар бозори дохилӣ ва минтақа талабот ба онҳо зиёд мебошад, инчунин, ба масъалаи захираи маҳсулот барои фасли тирамоҳу зимистон эътибори ҷиддӣ дода шавад, таъкид кард кишвардори Тоҷикистон