Мантуров ба Тоҷикистон омад

Муовини сарвазири Русия бо раҳбарияти олии Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард ва дар ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои низомию-иқтисодии СПАД иштирок мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Муовини нахуствазири Русия, Денис Мантуров бо як сафари корӣ вориди Тоҷикистон шуд.
Сафари ин мақомдори баландпояи Русия ба пойтахти Тоҷикистон аз 26 то 27 апрел идома хоҳад кард.
Оқои Мантуров дар сафари худ ба Душанбе бо раҳбарияти олии кишвар як силсила мулоқотҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод.
Илова бар ин, муовини сарвазир дар ҷаласаи XXI Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои низомиву иқтисодии СПАД иштирок хоҳад кард.
Афзоиши ҳамлу нақли сареъ байни Русия ва Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки қаблан ноиби нахуствазири Русия аз афзоиши солонаи 15 дарсадии гардиши мол миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ёдовар шуда буд.
Ба гуфтаи вай, ин рақам аз 42 миллиард доллар ҳам бештар шудааст.
Денис Мантуров ҳамчунин таъкид кард, ки дар ин марҳалаи ҳамкорӣ маҳз Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Русия дар масъалаҳои воридотивазкунӣ ва соҳибихтиёрии технологӣ мавқеи пешсафро ишғол мекунад.