ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Муҳаммад Саид Сарвар сафири нави фавқулодда ва мухтори Покистон дар Тоҷикистон таъйин шудааст.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Муҳаммад Саид Сарвар нусхаи эътимодномаашро ба муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Фарҳод Салим супорид.
"Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунии робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мубрами дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд", - омадааст дар иттилоия.
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Покистонро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик карда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Душанбе комёбиҳо таманно намуд.
Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2019 дар мақоми сафири Покистон дар Душанбе Имрон Ҳайдар кор мекард.
Тоҷикистону Покистон ба таври дуҷониба ва ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкорӣ доранд. Аз ҷумла ҳарду кишвар узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошанд.
Инчунин ду кишварро Афғонистон пайванд мекунад, ки субот дар он ҷо барои рушди муносиботи ду кишвар муҳим арзёбӣ мешавад.
Қаблан сафири Тоҷикистон дар Покистон, Исматулло Насриддин таъкид дошта буд, ки манфиатҳои муштараки ду кишвар ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон рабт доранд.
Афғонистон пайвандгари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аст ва бидуни мусолиҳа ҳамкорӣ бо ин кишвар ғайриимкон аст, ӯ.
Дипломати тоҷик пешниҳод карда буд, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти Покистон бояд ба толибҳо барои ташкили ҳукумати фарогир, ки дар он намояндагони тамоми ақвоми Афғонистон бояд ҳузур дошта бошанд, таъсир расонида шавад.