Рақибони Тоҷикистон дар "CAFA nations Сup 2023" муайян шуданд

Тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футбол бозии нахустинашро дар доираи мусобиқаи "CAFA nations Сup 2023" бо мунтахаби Туркманистон анҷом медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Тақвими бозиҳои мусобиқаи "CAFA Nations Cup 2023", ки аз 10 то 20 июн таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, муайян шуд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки натиҷаи қуръакашии мусобиқот муйян гардид.
Бар асоси қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" бо дастаҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Уммон ҷой гирифт. Бозиҳо дар ин чаҳоргона дар Тошканд баргузор мешаванд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозии худро дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ рӯзи 11-уми июн бо тими миллии Туркманистон анҷом медиҳад.
Ҳарифи Одилов дар АСА маълум шуд
Дар даври дуюм 14-уми июн дастаи Тоҷикистон бо мунтахаби Уммон вориди қувваозмоӣ мешавад.
Даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ 17-уми июн дар назар мебошад. Дар ин давр тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Ӯзбекистон вомехӯрад.
Бар асоси низомномаи Ҷоми миллатҳои CAFA, дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешаванд.
ФФТ тавзеҳ дод, ки сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои зинаи сеюм мубориза мебаранд, афзуд манбаъ.