Паёми Душанбе ба террористону ҳомиёнашон баъди амалиёти зиддитеррористӣ

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон қасди аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшатафкан дар кишварро маҳкум кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik. Сарҳади Тоҷикистон бо қудрати том ҳифз карда мешавад ва нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ба ҳар шахс ё гуруҳе, ки дар фикри вайрон кардани он мебошанд, посухи муносиб ва сареъ хоҳанд дод.
Ин нуктаро Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот дар вокуниш ба қасди аъзои гуруҳи террористӣ, ки аз Афғонистон ворид шудаанд, баён дошт.
Вазорати корҳои хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин амали ғайриқонунии сарҳадшиканӣ ва террористӣ изҳори нигаронии амиқ намуда, онро шадидан маҳкум мекунад.
Ин ниҳод бо таъкиди устувории ҳифзи сарҳади Тоҷикистон илова намуд, ки тавони нерӯҳои мусаллаҳ барои додани посухи сазовор ба ҳар бадхоҳ мерасад.
"Амалиёти Язғулом" – тафсилоти тоза аз манобеъ дар Тоҷикистону Афғонистон
"Ҳарду террорист аз ҷониби неруҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон безарар гардонида шуда, нақшаи муғризонаи онҳову ҳомиёнашон барбод дода шуд", - омадааст дар изҳорот.
Ахиран КДАМ Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ду марзшикани мусаллаҳ аз Афғонистон қасди анҷоми амали террористӣ дар Тоҷикистон доштанд. Ба иттилои КДАМ Тоҷикистон, ин 2 нафар субҳи 26 апрел дар пайи амалиёти зиддитеррористӣ дар деҳаи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ нобуд карда шуданд.
Таъкид шуд, ки аз ҷои ҳодиса силоҳу маводи тарканда мусодира карда шуда, зимни амалиёт хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоишта зарар надиданд.
КДАМ афзуд, ки таҳқиқи ҳодиса ва амалиёт барои муайян кардани дигар шарикони ин ҷиноят идома дорад.