Дар панҷ сол дар ноҳияи Айнӣ 600 иншооти гуногун бунёд мегардад

Мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳияи Айнӣ 22 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik. Дар ноҳияи Айнӣ давоми 5 сол ​ 595 иншоот сохта мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, маблағи иншоотҳое, ки бояд сохта шавад наздик ба 179 млн. сомониро ташкил хоҳад дод.
Мақомоти суғд хабар додааст, ки дар соли 2022 сохта ба истифода додани 119 адад иншоот пешбинӣ гардида, амалан 133 иншоот ва дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бошад 22 иншоот ​ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.​
Ба иттилои манбаъ дар ноҳия сохтмони бинои нави Беморхона, бинои хонаи фарҳанг ва бино муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и дар деҳаи Урметан идома доранд.
"Айни зангирӣ": Раҳмон аз духтаракони тарбияткардааш ба муаллим ҳамсар пешниҳод кард
Тибқи иттилои мақомоти Суғд ахиран Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо ва иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба ноҳияи Айнӣ сафари корӣ анҷом дод.
Раиси вилоят бо сохтмони иншооти соҳаи тандурустӣ ва фарҳанг шинос шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода, ба масъулин барои суръатбахшии корҳо супоришҳои мушаххас дод.