ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Мақомоти тоҷику қазоқ даври навбатии машваратҳои сиёсиро баргузор намуданд, ки аз мавзуъҳои меҳварии он омодагиҳо ба сафари раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон буд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки даври навбатии машваратҳои сиёсӣ бо Қазоқистон, таҳти роҳбари муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Содиқ Имомӣ ва Ермухамбет Конуспаев сурат гирифт.
"Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасии амиқ қарор дода, атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва масоили амнияти минтақавӣ табодули афкор карданд", - омадааст дар иттилоия.
Дар мавриди сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон зикр гардид, ки он 3-4 майи соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон дар Конгресс-Сентри шаҳри Остона Форуми соҳибкории ду кишвар баргузор мегардад.
Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои марбутаи давлатии Тоҷикистону Қазоқистон ва соҳибкорони ҳар ду кишвар дар самтҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, логистика ва фармасевтӣ иштирок хоҳанд намуд, афзуд манбаъ.