Вазири тоҷик гуфт, дар зарфи 30 сол дар бахши роҳу нақлиёт кишвар чӣ пешравиҳо кардааст

Вазири нақлиёти кишвар ахиран гуфтааст, ки дар зарфи 30 сол дар соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ҷаласаи 46-уми Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфт, ки дар давоми 30 сол 54 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи зиёда аз 1,8 млрд доллар татбиқ гардидааст.
Ҳамзамон вай таъкид кард, ки дар доираи ин тарҳҳо беш аз 2227 км роҳ, 259 пул, 6 нақб, 7 долони зиддитармавӣ, 2 чорроҳаи сесатҳа ва 2 дусатҳа ба истифода дода шуд.
“Инчунин зарфи панҷ соли оянда- солҳои 2022-2026 дар Тоҷикистон беш аз 1000 км роҳи нақлиётӣ, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидитармавӣ сохта, ба истифода дода мешавад, ки қисмати зиёди онҳо аҳамияти байналмилалӣ доранд”, - гуфт Азим Иброҳим вазири нақлиёти кишвар.
Вай илова кард, дар бозори хизматрасонии нақлиётии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷуғрофии мамлакат соҳаи нақлиёти автомобилӣ аҳамияти калон дошта, ҳамлу нақли беш аз 93,1 фоизи бор ва 96,5 фоизи мусофир маҳз тавассути нақлиёти автомобилӣ амалӣ мегардад.
Дар се моҳ 100 километр роҳҳои Хатлон таъмир шуданд
Дафтари матбуоти вазорати нақлиёт хабар додааст, ки дар ҷаласа доир ба тадбирҳои ҳукумати мамлакат дар самти тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт, хусусан эҳёи шоҳроҳи бузурги Абрешим, тавсеаи долонҳои транзитӣ ва шоҳроҳҳои байналмилалӣ бо назардошти имконоти мавҷуда ва мавқеияти хоси ҷуғрофии мамлакат ибрози назар кард.