ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Озарбойҷон дар ду моҳи соли 2023 ба Тоҷикистон беш аз 1849 ҳазор тонна тухмии зироатҳои равғандеҳ ва меваҳои равғандор содир кардааст.
Ба иттилои Кумитаи давлатии омори ин кишвар, ҳаҷми содирот нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, ки ҳамагӣ 174 тонна онро харидорӣ мекард, 10 маротиба бештар аст.
Арзиши содироти маҳсулот беш аз 343,8 ҳазор долларро ташкил дод, ки ин рақам дар муқоиса бо нишондодҳои соли қаблӣ (31,3 ҳазор доллар) алакай 11 маротиба бештар аст.
Гуфта мешавад, ки дар моҳҳои январ-феврали соли 2023 гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 824,6 ҳазор долларро ташкил додааст.
Ин рақам ҳанӯз 1,5 баробар камтар аз 1,1 миллион доллари моҳҳои мушобеҳи соли 2022 аст.
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти ин ниҳод, гардиши мол миёни кишварҳо дар соли 2022 5,8 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2021 (7,5 миллион доллар) 20,8% кам шудааст.