Муҳоҷиронро дар Санкт-Петербург алайҳи бемории сурхак эм мекунанд

Аз моҳи январ то апрели соли 2023 дар Санкт-Петербург 31 ҳолати бемории сурхак ошкор ва тасдиқ карда шуд, ки аз ин шумора 8 ҳолат воридотӣ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар Санкт-Петербург дар пасманзари бад шудани вазъи эпидемиологӣ муҳоҷирони корӣ бар зидди бемории сурхак эм карда мешаванд.
Қарори дахлдорро раҳбари Роспотребнадзори вилоят ва сардухтури давлатии санитарии шаҳр Наталя Башкетова нашр кардааст.
Тавре дар ҳуҷҷат зикр шудааст, аз моҳи январ то апрели соли 2023 дар Санкт-Петербург 31 ҳолати гирифторӣ ба бемории сурхак ошкор ва тасдиқ карда шуд, ки аз ин шумора 8 ҳолат воридотӣ мебошад.
Ин афзоиши назаррас аст, бо назардошти он, ки дар солҳои қаблӣ ягон-ягон чунин ҳолатҳо сабт мешуд.
Якҷо бар зидди сурхча: Русия ба Тоҷикистон дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ кӯмак мекунад
Ба ин далел, корфармоёне, ки шаҳрвандони хориҷиро ба кор мегиранд, муваззаф шудаанд, ки ба кормандон эмгузаронии ҳамаҷониба пешниҳод кунанд.
Он ба онҳое, ки ваксина нагирифтаанд, бемор нашудаанд, таърихи эмкунӣ ё бемории қаблӣ надоранд, инчунин ба онҳое, ки натиҷаҳои санҷиши антителоҳои зидди сурхак аз сатҳи муҳофизатӣ пасттаранд, гузаронида мешавад.
Қаблан дар Екатеринбург афзоиши гирифторони бемории сурхак дар миёни шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба қайд гирифта шуда буд.
Вазорати тандурустии Русия мегӯяд, ки ҳамаи муҳоҷирони гирифтори ин беморӣ аллакай дар бемористон бистарӣ шудаанд ва муолиҷаи зарурӣ мегиранд.
Гуфта мешавад, ки яке аз кӯдакони гирифтори сурхча дар авоили моҳи феврал аз Тоҷикистон ба шаҳри Русия омадааст.