Ҳарифи Одилов дар АСА маълум шуд

Размикори шинохтаи Тоҷикистон сеюмин қувваозмоияшро дар доираи лигаи Absolute Championship Akhmat бо варзишкори русиягӣ баргузор мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Қаҳрамони собиқи Eagle FC Фаридун Одилов қувваозмоии навбатии худро бо размикори русиягӣ, Элхон Мусоев мегузаронад, хабар дод дафтари матбуоти АСА.
Ба иттилои манбаъ, вохӯрии намояндаи Тоҷикистон ва варзишгари рус рӯзи 11 август дар мусобиқаи ACA 161 дар вазни нимавазнин сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки рекорди касбии Фаридун Одилов дар муҳорибаи омехта 14 бурду 2 бохт мебошад. Элхон Мусоев дар муҳорибаҳои омехта 8 пирӯзӣ ва як нокомӣ дорад.
Одилов моҳи декабри соли 2022 бо ширкати промоутерии Absolute Championship Akhmat шартнома баст, ки тибқи он дар доираи ин лига ӯ бояд 6 қувваозмоӣ гузаронад.
Ҳарифи нави Лоиқ Раҷабов дар UFC дақиқ шуд
Нахустин набарди ӯ бо намояндаи Эрон Амир Нурӣ буд, ки бо пирӯзии размикори тоҷик дар дақиқаи аввал анҷомид.
Вай дуюмин набардашро низ дар мусобиқаи ACA дар моҳи марти соли равон бо пирӯзӣ анҷом дод.
Ҳарифи навбатии "Терминатори тоҷик" размикори бразилиягӣ Наталисио Филю буд.
Размикори тоҷик аллакай дар задухӯрди аввал тавонист, ки бар ҳариф зарбаи ҷонкоҳ зада, муборизаро пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонад. Набард то охири даври аввал давом накард.